Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев беш аз 92%-и овозҳоро ба даст овардааст


Илҳом Алиев
Илҳом Алиев

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Озарбойҷон гуфт, президенти ҳозира Илҳом Алиев дар интихоботи пеш аз муҳлат беш аз 92 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Интихобот рӯзи 7-уми феврал гузашт.

Ба маълумоти пешакӣ, ба номзади мустақил ба мақоми президентии Озарбойҷон Зоҳид Оруҷ 2,2 дарсад овоз додаанд ва номзадҳои дигар раъйи камтар касб кардаанд.

Дар интихобот 77 дарсади афроди қобили раъй иштирок намудаанд.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии Озарбойҷон 9-уми феврал эълом мешавад.

Қарор буд, интихоботи навбатии президентии Озарбойҷон соли оянда баргузор шавад. Аммо Алиев дар пайи афзоиши шуҳрати худ пас аз ишғоли Қарабоғи Кӯҳӣ санаи интихоботро пештар эълом кард.

Президенти Озарбойҷон тибқи тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид шуд, барои 7 сол интихоб мешавад. Қаблан давраи президентӣ 5 сол буд.

Интихоботи охири президентии Озарбойҷон 11-уми апрели соли 2018 баргузор шуда буд. Ду ҳизби аслии мухолифон – "Мусовот" ва "Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон" –аз ширкат дар интихобот даст кашиданд. Раҳбари "Мусовот" Ориф Ҳоҷилӣ сабаби бойкоти интихоботро ғайридемократӣ будани овоздиҳӣ номид.

XS
SM
MD
LG