Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Покистон пас аз як рӯзи ҳамлаҳои маргбор


Пешовар, Покистон
Пешовар, Покистон

Овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии Покистон 8-уми феврал, баъд аз як рӯзи ҳамлаҳои маргбор дар вилояти Балуҷистон, шуруъ шуд.

Дар ин ҳамлаҳо дастикам сӣ кас ҷон бохт. Масъулиятро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пазируфт.

Ин шабу рӯз шикоятҳо аз бекорӣ ва буҳрони иқтисодӣ дар Покистон низ бештар аст. Мардум мегӯянд, ба тарафдорӣ аз тағйироти мусбат дар зиндагии ояндаашон овоз медиҳанд.

Муҳаммад Иброҳим, як сокини шаҳри Карочӣ, ба хабаргузории “Рейтерс” гуфтааст, “мардум интизор доранд, ки пас аз интихобот сиёсатмадорони нав меоянд ва дигаргунӣ мекунанд.”

Ба қавли мақомоти Покистон, зиёда аз 650 ҳазор нерӯи артиш, ниманизомиён ва маъмурони пулис амниятро дар ҷараёни интихобот таъмин мекунанд.

Онҳо исрор доранд, ки хушунатҳои охир ба ҷараёни овоздиҳӣ халал нахоҳад расонд. Покистон муваққатан сарҳадро бо Эрон ва Афғонистон бастааст.

Дар Покистон 128 миллион нафар ҳаққи ройдиҳӣ доранд. 54 дарсади онҳо мард ва 46 дарсад зан ҳастанд. Вале назарсанҷиҳо ҳузури ками ройдиҳандагонро дар интихобот пешбинӣ мекунанд.

Дар Покистон ҳар панҷ сол барои интихоби аъзои порлумони марказӣ ва маҷлиси аёлатҳо интихобот баргузор мешавад. Дар пайи пирӯзӣ аъзои порлумони марказӣ нахуствазири ояндаи Покистонро интихоб хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG