Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев гуфт, низоми расондани ёриҳои иҷтимоӣ "бозсозӣ" шавад


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзи 7-уми феврал дар мулоқот бо аъзои ҳукуматаш даъват кард, ки низоми расондани ёриҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ "бозсозӣ" шавад.

Вай гуфт, ёриҳо бояд "ба шахсони воқеан ниёзманд" расонида шаванд.

Ба иттилои Тоқаев, айни замон дар Қазоқистон ҳудуди 4,5 миллион нафар ё ҳар панҷумин шаҳрванд аз ёриҳои давлат бархӯрдоранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Тоқаев, аксари ин афрод "қобилияти корӣ доранд".

"Бо расонидани ёриҳои давлатӣ мо дар ҷомеа "психологияи тайёрхӯрӣ"-ро эҷод кардем, ки ин кор дар кишварҳои дигар нест. Кумакро бояд ба одамони дар воқеъ ниёзманд расонд, на ба онҳое, ки дар манзилҳои худ зиндагӣ намекунанд ва мошинҳои гарон меронанд," -- афзуд Тоқаев.

XS
SM
MD
LG