Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯми Узбекистон яке аз беқурбтарин пулҳо номида шуд


Пули узбекӣ – сӯм – дар радабандии пулҳои миллие, ки дар давоми даҳ соли охир дар баробари доллари амрикоӣ аз ҳама бештар беқурб шудаанд, мақоми 8-умро гирифт.

Ин радабандиро ширкати амрикоии "Creative Planning" бар асоси қурби расмии кишварҳо таҳия кардааст.

Тибқи он, пули узбекӣ дар давоми даҳ соли охир дар баробари доллари амрикоӣ 82,3 дарсад қурби худро аз даст дод ва ин бадтарин нишондод дар миёни кишварҳои пасошӯравист.

Гривнаи Украина 77,5%, тангаи Қазоқистон 65,4%, рубли Русия 61,3%, соми Қирғизистон 43,3% ва сомонии Тоҷикистон 56,3% дар баробари доллар беқурб шудаанд.

Устувортарин пули миллӣ дар Осиёи Марказӣ манати туркманӣ номида шудааст, ки танҳо 18,4 дарсад қурби худро аз даст додааст. Дар Туркманистон бозори “сиёҳ”-и асъор вуҷуд дорад ва арзиши манат дар он назар ба қурби расмӣ хеле поинтар аст.

XS
SM
MD
LG