Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Озарбойҷон. ВИДЕО


Интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат дар Озарбойҷон рӯзи 7-уми феврал шуруъ шуд. Дар бораи баргузории он моҳи декабри соли гузашта президент Илҳом Алиев қарор қабул карда буд.

Ӯ аз соли 2003 боз дар ин кишвари ғанӣ аз нафти Қафқози Ҷанубӣ раҳбар аст. Интихоботҳои гузашта дар ин кишвар барои қонуншиканию тақаллуби афзун ва набудани рақобати воқеӣ танқид шудааст.

Озарбойҷон президент интихоб мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Дар замони раҳбарии Илҳом Алиев, ки ҳоло 62-сола аст, ҳама гуна фаъолиятҳои сиёсиву ҳуқуқи инсон саркӯб шуд ва мухолифон пушти панҷара рафтанд.

Баъд аз пирӯзии артиши Озарбойҷон бар нерӯҳои арманӣ ва таъмини назорати пурра бар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ дар моҳи сентябри соли 2023 мизони маҳбубияти Алиев боло рафтааст. Ӯ шитобкорона мехоҳад бо баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат идомаи ҳузурашро таъмин ва монданашро дар қудрат қабои қонунӣ бипӯшонад.

Интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон бояд соли 2025 баргузор мешуд.

Дар варақаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Озарбойҷон ба ҷуз номи Илҳом Алиев исми шаш номзади дигар ҳам ворид шудааст. Баъзе аз онҳо пеш аз интихобот ошкоро Алиевро таъриф мекарданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар миёни номзадҳо ягон рақиби ҳақиқӣ барои Алиев вуҷуд надорад. Ду ҳизби аслии мухолифон – "Мусовот" ва "Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон" –аз ширкат дар интихобот даст кашиданд. Раҳбари "Мусовот" Ориф Ҳоҷилӣ сабаби бойкоти интихоботро ғайридемократӣ будани овоздиҳӣ номид.

Ҳоҷилӣ гуфт, "бисёре аз журналистону фаъолони сиёсӣ дар зиндон ҳастанд. Дар ин кишвар беш аз 200 зиндонии сиёсӣ пушти панҷара мемонанд. Қонуни интихобот мушкилоти хеле ҷиддӣ дорад ва кумисюнҳои интихоботӣ асосан зери назорат ва таъсири мақомот мебошанд".

Ин навбат овоздиҳӣ дар қаламрави Қаробоғи Кӯҳӣ ҳам барпо хоҳад шуд. Аз ин минтақа тирамоҳи соли гузашта беш аз сад ҳазор арманӣ фирор карда, бисёре аз гӯшаҳои он беодам мондааст. Бисёре аз раҳбарони собиқи Қаробоғи Кӯҳӣ аз ҷониби мақомоти Озарбойҷон ҳабс шудаанд.

XS
SM
MD
LG