Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ гуфтааст, барои оштӣ бо Исроил чанд шарт дорад


Ҳукумати Арабистони Саудӣ дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико эълон кард, ки то вақте кишвари мустақили Фаластин ташкил нашавад, ҳаргиз бо Исроил робитаҳои дипломатӣ барқарор нахоҳад кард.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар баёнияе бо ишора ба гуфтугӯҳо миёни Риёз ва Вашингтон дар робита ба ояндаи сулҳ миёни арабҳо ва Исроил гуфт, ки назари қотеъи худро дар ин бора ба огоҳии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расонидааст.

Ин баёния мегӯяд, ки робитаҳои дипломатӣ миёни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Исроил барқарор нахоҳад шуд, магар он, ки кишвари мустақили Фаластин бар асоси марзҳои ба расмият шинохташудаи соли 1968 ва пойтахти он Байтулмуқаддаси шарқӣ ташкил шавад ва Исроил ҳамлаҳо ба Ғаззаро қатъ кунад ва нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза хориҷ шаванд.

Чанд соат пеш аз нашри ин баёния, Ҷон Карби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфта буд, ки ҳукумати Ҷо Байден паёмҳои мусбате дарёфт кардааст, ки бар пояи он, Арабистони Саудӣ ва Исроил майл доранд, ки гуфтугӯҳо барои оддисозии робитаҳоро идома диҳанд.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ аммо бо радди ин изҳорот мегӯяд, аз аъзои доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ, ки то кунун кишвари Фаластинро ба расмият нашинохтаанд, мехоҳад кишвари Фаластинро бар асоси марзҳои соли 1968 ба расмият бишносанд, то мардуми Фаластин битавонанд ба ҳуқуқи машруъ ва қонунӣ даст ёбанд ва як сулҳи фарогир ва одилона барои ҳамагон ҳосил шавад.

Баҳс дар бораи оддисозии робитаҳо миёни Арабистони Саудӣ ва Исроил аз соли 2020 боло гирифт. Он замон Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн чароғи сабз нишон доданд, то бо Исроил робита барқарор кунанд.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз манбаъҳои огоҳ менависад, ки аммо Арабистони Саудӣ дар пайи ҷанги ахир миёни Исроил ва "Ҳамос", идеяи оддисозии робитаҳо бо Исроилро, ки Амрико барои амалӣ шудани он талош мекунад, канор гузоштааст.

Аз оғози ҷанги ахир дар Ғазза миёни "Ҳамос" ва Исроил, ки рӯзи 7-уми октябри соли гузашта оғоз шуд, то кунун 1200 исроилӣ ва наздик ба 30 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд. Талошҳо барои барқарории оташбас миёни ҷонибҳо то кунун бенатиҷа будааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG