Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мехоҳад, аз Узбекистон ва дигар кишварҳо муҳоҷир ҷалб кунад


Ҳукумати Исроил мехоҳад, барои корҳои сохтмонӣ аз Узбекистон, Ҳинд ва Шри-Ланка муҳоҷир ҷалб кунад. Дар ин бора вазорати сохтмон ва маскунсозии Исроил хабар додааст.

Ин вазорат гуфтааст, Исроил ният дорад, аз Узбекистону Ҳинд ва Шри-Ланка 65 ҳазор муҳоҷир даъват кунад. Ба далели камбуди неруи корӣ дар Исроил, нисфе аз иншоот нимасохта боқӣ мондааст ва ҳамзамон коргарони мавҷуд дар он кишвар талаби маоши бештар кардаанд.

Пештар дар сохтмонҳои Исроил ҳудуди 72 ҳазор фаластинӣ кор мекарданд. Баъди даргирӣ миёни Исроилу Фаластин шуруъ аз 7 октябр фаластиниҳо аз кор ронда ва аз ҳудуди Исроил ихроҷ шуданд, хабар медиҳанд хабаргузориҳо.

XS
SM
MD
LG