Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ба ҷои нозирони БДА радарҳои худкор мегузоранд. ВИДЕО


Нозирони БДА дар Душанбе
Нозирони БДА дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон радарҳои худкор насб кардаанд, ки ронандагии нодурусти ронандагонро ба навор мегиранд.

Мақомот мегӯянд, ин радарҳо 19 намуди қоидавайронкуниро сабт карда, ба пойгоҳи ягона ирсол мекунад.

Чунин таҷҳизот дар роҳҳои Душанбе ва гирду атрофи он беш аз 6 ҳазор адад насб мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Азия-пюс" аз қавли Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Ба навиштаи ин расона, ҳадафи насби таҷҳизот таъмини бехатарии ҳаракат дар ҷодаҳо, кам кардани кормандони БДА ва ҳамин тариқ коҳиши дахолати инсонӣ дар ҳаракати нақлиёт будааст.

Видеоро инҷо бинед:

Чанде пештар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонид, ки дар асоси он 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда мешаванд. Радарҳо дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофиркашонӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳои шаҳр ва ҷойҳое, ки равуои маошинҳо зиёд аст, насб мешаванд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе ва Хоруғ лоиҳаи “Шаҳри бахатар” амал мекунад ва он дар роҳҳо қоидавайронкунии ронандагонро аксбардорӣ карда, дар як пойгоҳи муайян ҷамъоварӣ менамояд. Дар асоси тасвирҳои қоидавайронкунӣ, ронандагон ҷарима мешаванд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро мақомот як омили аслии садамаҳо дар кишвар медонанд. Тибқи ҳисобҳои расмӣ, дар роҳҳои кишвар рӯзе то се нафар кушта мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG