Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Тоҷикфилм" гуфтанд, ҷавони муттаҳам ба ҷосусиро дар Русия аз кор нарондаанд. ВИДЕО


Шарифҷон Тиллозода
Шарифҷон Тиллозода

Шарифҷон Тиллозода охири моҳи сентябри соли гузашта бо қарори додгоҳи ноҳияи Лефортови Маскав ба ҳабс гирифта шуд ва ҳанӯз дар боздошт аст.

Толиб Ғайбуллозода, муовини якуми директори “Тоҷикфилм” 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Шарифҷон Тиллозода ҳамагӣ ду моҳ дар ин идора кор карда, “бо хоҳиши худаш рафт.”

Ғайбуллозода афзуд, “аз тақдири минбаъдаи вай мо дигар хабар надорем ва дигар бо ӯ ягон алоқа ҳам надорем.”

Шарифҷон Тиллозода дар суҳбаташ бо Радиои Озодӣ қабл аз боздошт гуфта буд, ки ӯро ноодилон аз “Тоҷикфилм” ронданд ва ҳама мушкилоташ баъди ин сар шуд.

“Агар маро аз касби дӯстдоштаам дар ватан маҳрум намекарданд, ҳоло ман ба мушкилоти зиёд дучор намешудам. Касбамро дӯст медорам, вале чанд ҳасуд маро нагузоштанд, ки кор кунам,”—гуфта буд ӯ.

Ӯ нақл карда буд, ки пас аз ронда шуданаш аз "Тоҷикфилм" ба Русия рафт, вале онҷо кори дуруст пайдо накарда, ба муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил ёфт.

"Ҳеч роҳ надоштам. Эълони даъват ба артишро дидаму занг задам ва инҷо омадам,"--гуфта буд ӯ.

Шарифҷон Тиллозода моҳи октябри соли 2023 дар Русия ба гумони ҷосусӣ ба нафъи Украина боздошт шуд. Ин сокини шаҳри Панҷакент гуфта буд, ки аз ноилоҷӣ ба артиши Русия пайваст. Шарифҷон Тиллозода, ки аз як тамрингоҳи ҳарбӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфта буд, ки ӯро барои рафтан ба Украина омода мекунанд.

Видео аз бойгонӣ:

Русия ҷавони тоҷикро ба ҷосусӣ муттаҳам кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00

Ба иддаои мақомоти Русия, Шарифҷон Тиллозода иншооти муҳими ҳарбии ин кишварро ба навор гирифта, “ба ҳарбиёни Украина мефиристод”.

Тиллозодаро 10-уми октябр бо дархости Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ ба ду моҳи ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Дар бораи сарнавишти минбаъдаи Тиллозода дигар иттилое дар даст нест ва талошҳои мо барои пайдо кардани наздикони ӯ дар Тоҷикистон бенатиҷа буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG