Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиён: Филми "Ҷомӣ ва Навоӣ" имсол ба навор гирифта мешавад


Филми муштараки синамогарони Тоҷикистону Узбекистон дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ соли 2024 ба навор гирифта мешавад. Талошҳо барои таҳияи филми "Ҷомӣ ва Навоӣ" аз соли 2021 идома дорад ва хабарнигорон ҳам зимни нишасти хабарӣ аз роҳбари "Тоҷикфилм" пурсиданд, ки чаро ин кор ба таъхир афтод.

Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари идораи “Тоҷикфилм” 6-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, корҳо барои таҳияи филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” идома дорад ва таҳиягарон аз чанд минтақа дар Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркия боздид карданд.

Шоҳиён афзуд, матни филм шаш маротиба бознависӣ шуд ва бояд аз сӯи олимони Тоҷикистону Узбекистон мувофиқа карда шавад. Инчунин раиси “Тоҷикфилм” гуфт, барои таҳияи филм бояд назари Иттифоқи нависандагон, Академияи илмҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор гирифта шавад.

Маҳмадсаид Шоҳиён аз “баҳсҳои эҷодӣ” бар сари таҳияи филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” суҳбат кард, аммо ҷузъиёти бештар надод. Қаблан Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва мушовири филм, гуфта буд, "забони филмнома ба забони асри 15 мувофиқат намекунад ва як зарра хушк аст."

Тасмими таҳияи филми муштарак дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ соли 2021 дар ҷараёни сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон гирифта шуд. Агар ин филм сабт шавад, аввалин филми муштараки синамогарони Тоҷикистону Узбекистон дар 30 соли ахир хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG