Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзандонам дар зери вайрона, пеши чашмам ҷон доданд" ВИДЕО


Оромгоҳи қурбониёни заминларза дар Туркия
Оромгоҳи қурбониёни заминларза дар Туркия

Як сол пеш заминларзаи маргбортарин дар таърихи муосири Туркия зиндагии Абдуалим Муайниро зеру забар кард. Тақрибан се рӯз зери вайрона буд ва ҳамонҷо ҳамсару фарзандонаш пеши чашмаш ҷон доданд. Онҳо аз ҷанг дар Сурия гурехта буданд.

Абдуалим Муайнӣ аз як пой маҳрум шуд. Ҳоло хонаашро ба ёд меорад, ки бо оилааш дар шаҳри Ҳатай, ҷануби Туркия, бунёд карданд. Пеш аз фавти азизонаш зери вайронаҳо, бо ҳамсараш Эзро, писари 10-солааш Муҳсин ва духтари 7-солааш Басира дувоздаҳ соат гап зад.

"Рӯҳашон шод бод, зану фарзандонам рафтанд. Бародарам Абдураҳим, бародарзодаи занам низ ҷон доданд. Ҳамаи онҳоро аз даст додам, як хонавода будем. Мо аз кор ба хона бармегаштем ва ё аз хона ба кор, ё ба дидани ҳам мерафтем. Хушҳолӣ мекардем. Ҳама аз байн рафт," – нақл кард ӯ.

Заминларзае бо нерӯи 7.8 дараҷа бахшҳои бузурге аз шаҳракҳоро дар ҷанубушарқи Туркия ва Сурияи ҳамсоякишвар ба хок яксон кард.

Панҷоҳ ҳазор касро дар Туркия ва тақрибан 6 ҳазор нафарро дар Сурия кушту миллионҳо нафарро бехонумон кард. Вилояти Ҳатай бештар аз ҳама осеб дид. Як пойи Муайниро буриданд, дигарӣ аз зону поён фалаҷ шуд, чунки зери сементу хишт монда буданд.

Муайнӣ ба шаҳри Бурса дар шимолуғарби Туркия рафт ва онҷо бо модараш ва хоҳару се фарзандаш зиндагӣ мекунанд. Дастёрашон ҳаминҳо ҳастанд.

“Дар инҷо нишаста, андак Қуръон мехонам, тасбеҳ мегардонам, ниёиш мекунам. Бо модарам, хоҳарам, фарзандони бародару хоҳарам суҳбат мекунам. Рӯзҳоям чунин мегузаранд,” – мегӯяд ӯ.

Муайнӣ чанде пеш рафтан давраҳои офиятбахширо оғоз кард. Умед дорад, ки пойи пластикӣ мегираду ба кор идома медиҳад. Пули хонаро мепардозад ва рӯзе ба ватанаш бармегардад. Дар Бурса қимати иҷора панҷ баробар бештар Ҳатай аст. Пули иҷораву ғизоро бародараш мепардозад. Харҷи муолиҷа ҳам боло меравад.

“Мо бима надорем. Агар поям дуруст шавад, корҳое ҳаст, ки карда метавонам. Ҳар як инсон бояд кор кунад, то тавонад, ки пули худу дигар хароҷотро пардозад,” – гуфт Абдуалим Муайнӣ.

Муайнӣ бо зану фарзандонаш соли 2016 аз ҷанг дар Сурия гурехт ва аз ҳисоби фурӯши меваву сабзавот дар Туркия рӯз мегузаронд. Дар умум Туркия миллионҳо паноҳҷӯро мизбонӣ мекунад, ки аз ҷанги 13-солаи Сурия гурехтаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Заминларза ҳамаро аз ман гирифт"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG