Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Луганск 28 нафар кушта шудааст


Russia Ukraine
Russia Ukraine

Дар ҳамлае дар шаҳраки Лисичанскии вилояти Луганскии Украина, ки аз ҷониби Русия ишғол шудааст, 28 нафар кушта шудааст.

Ҳамла шаби 3-юми январ сурат гирифтааст. Мақомоти Луганск, ки Русия онҳоро таъин кардааст, гуфтаанд, эҳтимол ҳанӯз теъдоди дигаре аз сокинон дар зери харобаҳо бошанд.

Русия дар ин ҳамла Украинаро гунаҳкор кардааст.

Хабаргузории русии ТАСС гуфааст, ки ба биное, ки дар он сокинони одӣ зиндагӣ мекарданд, тариқи мушаки системаи HIMARS ҳамла шудааст.

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки ҳамла кори дасти онҳо нест, балки инро худи русҳо анҷом додаанд.

Шаҳраки Лисичанскро артиши Русия тобистони соли 2022 ишғол карда буд.

XS
SM
MD
LG