Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нав аз кори маҷбурии омӯзгорон дар Узбекистон пешгирӣ хоҳад кард


Даромадгоҳи мактабе дар Узбекистон
Даромадгоҳи мактабе дар Узбекистон

Дар Узбекистон бар асоси қонуни нав ҷалби омӯзгорон ба корҳои маҷбурӣ манъ шуд. Қонун “Оид ба мақоми омӯзгор”, ки онро 1 феврал президент Шавкат Мирзиёев имзо кард, ҳама гуна дахолат ба ҷараёни кори педагогӣ, тафтишҳои беасос, халал расонидан ба арзёбии кори омӯзгор дар баҳо додан ба шогирдон ва ҳам монеа эҷод кардан ба иҷрои ӯҳдадорҳои касбии ӯ манъ карда шудааст.

Инчунин ҷалби омӯзгорон ба коре, ки ба фаъолиятҳои касбии онҳо дахл надорад, манъ мебошад ва дар ин қатор корҳои кабудизоркунӣ ва фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ ёд шудааст. Қонун инчунин аз маоши муаллимон нигоҳ доштани пулро манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG