Хадамоти алоқа гуфт, чор ширкати мобилии Тоҷикистонро ҷарима бастааст. Ин муассисаи давлатӣ дар вебсайташ 2 феврал хабар дод, ки мониторинги системаҳои коммутаторӣ ва идоракунии шабакавии ширкатҳои мобилиро анҷом дод.
Ҳадаф, ба навиштаи хабар, санҷидани ҳолати коршоямии таҷҳизот ва системаҳои шабакавии операторони алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мебошад. Дар натиҷа, «муайян карда шуд, ки дар фаъолияти операторони алоқаи мобилии кишвар – ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, ҶСП “ТТ Мобайл”, ҶСП “Вавилон Мобайл” ва ҶДММ “Таком” камбудиҳои техникии ҷиддӣ ҷой доранд, ки ин яке аз омилҳои асосии поён рафтани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ шуда истодааст», омадааст дар хабар.
Дар нисбати ширкатҳо протоколҳои дахлдор тартиб дода шуда, ҷаримаҳои маъмурӣ таъин гардид. Назари ширкатҳо дар ин замина нашр намешавад.