Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои мобилӣ аз боло бурдани нарх даст кашиданд. Кори кӣ буд?


Пас аз эътирози Хадамоти алоқа, се ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон аз боло бурдани нархи хадамот даст кашиданд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, бозор бо дастур кор намекунад ва барои поён бурдани нархи гуфтугӯ ва интернет бояд ислоҳот гузаронда шавад.

"Мегафон", "Вавилон" ва "Тселл" ин ҳафта хабар доданд, ки аз 1-уми феврал нархи таърифаҳояшон тағйир меёбад. Хадамоти алоқа шоми 24-уми январ дар вокуниши камсобиқа аз ин кори ширкатҳои мобилӣ танқид карда ва талаб намуд, ки нархҳо бетағйир монанд.

Рӯзи 25-уми январ дар се ширкати мобилии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки аз тасмими худ барои боло бурдани нархи хидматрасонӣ даст кашидаанд.

Як маркази хизматрасонии "Мегафон"
Як маркази хизматрасонии "Мегафон"

Як масъули ширкати "Вавилон" навишт, "тағйироти пешбинишуда аз санаи 01.02.2024 ба таърифаҳо ва хидматрасониҳо бекор карда шуд."

Дар ширкати “Мегафон” ҳам бо айни ҳамин мазмун посух доданд. Эълони "Тселл" дар бораи тағйир ёфтани нархи таърифаҳо аз сомонаи ширкат ҳазф шуд.

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи бештар аз ширкатҳои мобилӣ то ин дам бенатиҷа буд. Радиои Озодӣ субҳи 25-уми январ суолҳои худро ба баъзе аз ширкатҳо, аз ҷумла “Мегафон” фиристод, вале то ин дам посухе нагирифт.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки масъули тасдиқи нархгузории ширкатҳои мобилӣ аст, аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карданд. Радиои Озодӣ ба ин ниҳод низ макуб бурд ва мунтазири посух аст. Ширкатҳои калони мобилии Тоҷикистон танҳо баъд аз мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ доранд, нархи хидматрасониашро боло баранд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бегоҳи 24-уми январ бо пахши изҳороте гуфт, ин кори ширкатҳои мобилӣ "муғойири ҳадафҳои раҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланди бурдани сифати алоқаи барқӣ” аст.

Илҳомҷон Атоев
Илҳомҷон Атоев

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа, 25-уми январ дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои мобилӣ худсарона ва бидуни мувофиқа бо ин ниҳод нархҳоро боло бурдаанд.

Аммо масъули яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби боло бурдани нархи гуфтугӯ ва интернет гарон шудани барқ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон нархи барқро аз 1-уми январи соли 2024 боло бурд.

"Боло рафтани нархи барқ хароҷоти ширкатҳои мобилиро ҳам зиёд кард, чун ҳама дастгоҳҳои мо аз ҷумла пойгоҳҳои мо бо барқ кор мекунанд. Барои ҳамин тасмим шуд, ки нархи таърифаҳо боло бурда шавад,” -- гуфт ин масъули ширкати мобилӣ.

Хабари гаронтар шудани хадамоти мухобиротӣ норозигии даҳҳо корбарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, бозор бо дастур кор намекунад ва барои поён бурдани нархи гуфтугӯ ва интернет бояд ислоҳот гузаронда шавад.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин, мегӯяд, мақомот ваъда медиҳанд, аммо бозори алоқа ҳамчунон таҳти монополияи ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст.

“Вақте бозорро тағйир надода, танҳо ваъда медиҳӣ, ки фалон корро мекунам, намешавад. Сохтори бозор ҳамон, ягон тағйирот дар бозор ворид нашудааст, баъд ваъда медиҳӣ, ки нархҳо паст мешавад, он хушку холӣ мешавад. Барои тағйири вазъ ислоҳот гузарондан даркор, то ширкатҳо тавонанд миёни ҳам рақобат кунанд. Яъне нархгузорӣ аз ҳисоби рақобат паст шавад, на аз ҳисоби қарору фармонҳо,” -- таъкид кард ин коршинос.

Бори аввал нест, ки мақомот ва ширкатҳои мухобиротӣ дар пайи эътирози муштариён аз тасмими худ даст мекашанд. Тобистони соли 2018 мақомот нархи симкортҳоро 250 сомонӣ таъин карданд. Аммо дар пайи норозигии зиёд ин қарор бекор шуд. Соли 2019 мақомот нархи як гигабайт интернетро 62 сомонӣ муқаррар карданд ва баъд аз шикояти зиёди муштариён ин қарор ҳам бекор гардид.

Бар асоси омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи умумии муштариёни ширкатҳо ба 8,3 миллион баробар аст, ки аз ин 6,4 миллион фаъоланд.

Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое бо сусттарин суръат ва хадамоти интернетӣ дохил мешавад ва яке аз сабабҳояшро мунтақидон ба дасти Хадамоти алоқа додани ин соҳаи замоне сердаромад ва пешрафтаву пуррақобат дар Тоҷикистон мегӯянд.

Раҳбарии Хадамоти алоқаро, ки дар ҳоли ҳозир монополияи харид ва тақсими интернетро низ пурра ба даст гирифтааст, қудои президент, Бег Сабур ба ӯҳда дорад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо нархи баланд ва суръату сифати пасти интернету алоқаи мобилӣ танқид карда, онро монеаи пешравӣ номида буд. Бег Сабур дар ҷавоб ба баъзе иқдомот даст зад, вале тағйири ҷиддӣ нашуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG