Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба афви касе эҳтиёҷ надорам." Ба зидди Анора Саркорова парванда боз кардаанд


Анора Саркорова
Анора Саркорова

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба модари Анора Саркорова гуфтаанд, ки ба зидди ин хабарнигори муқими Аврупо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале “агар баргардаду узр хоҳад” авф мекунанд.

Анора Саркорова рӯзи 2-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот модарашро рӯзе пеш ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилӣ даъват кардаанд.

“Вақте модарам ба назди муфаттиш рафт, ба ӯ ду парванда нишон додаанд. Дар яке Рустамҷон Ҷониев ва дигаре Анор Саркорова навишта шудааст,” – афзуд ӯ.

Парвандаи аввалӣ ба зидди Рустами Ҷонӣ, хабарнигор ва шавҳари Анора Саркорова, пештар боз шудааст. Ӯро ба даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ ва тарғибу ташвиқу дуруст шуморидани ифротгароӣ муттаҳам мекунанд.

Диловари Мамадлатиф, муфаттише, ки бо модари Анора Саркорова суҳбат кардааст, ба зангҳои батакрори Радиои Озодӣ посух надод.

Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 2-юми феврал гуфт, бар асоси иттилооте, ки ӯ аз РКД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Сино ба даст овард, “дарвоқеъ, ба зидди Анора Саркорова парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд”.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷузъиёти парванда огоҳ нест. Ба қавли Анора Саркорова, модараш аз муфаттиш “моддаи 307, замимаи 1”-ро шунидааст. Он дар бораи “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ ва тарғибу ташвиқу дуруст шуморидани ифротгароӣ” аст.

Анора Саркорова, хабарнигори собиқи бахши русии Би-би-сӣ ва Рустами Ҷонӣ, мудири пешини Радиои Имрӯз ва нашрияи ҳамноми он, тазоҳуроти олуда ба хунро дар вилояти Бадахшон (соли 2022) дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона инъикос мекарданд.

Мақомот қаблан низ модари Анора Саркороваро борҳо ба идораи амният ва милиса даъват кардаанд. “Ман як фарди болиғ ҳастам ва агар суоле ба ман бошад, бояд аз ман пурсанд, на аз модари кӯҳансоли ман, ки бемории дил дорад. Баъди ҳар даъват дуру дароз бемор мешавад. Барои рафторам ман ҷавоб медиҳам, на фарзандонам, на модарам,” – гуфт хонум Саркорова.

Ӯ дар бораи ваъдаи мақомот, ки “агар довталабона ба Тоҷикистон баргарданд, афв хоҳанд шуд”, гуфт: “Ба афви касе эҳтиёҷ надорам, зеро ягон кори ғайриқонунӣ накардам. Ман чизеро навиштам, ки дар матбуоти Тоҷикистон наменависанд. Ман дар бораи нақзи саросарии ҳуқуқ дар Помир навиштам ... ва ин корамро идома медиҳам.”

Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли охир барои саркӯби хабарнигорону дигарандешон ва маҳдуд кардани озодии баён пайваста танқид мешавад. Танҳо дар солҳои 2022 ва 2023 дар кишвар 8 хабарнигорро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG