Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Линдеман ҳукумати Тоҷикистонро барои фишор ба хабарнигорон танқид кард


Берит Линдеман
Берит Линдеман

Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, як созмони ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои фишор ба хабарнигорони тоҷик Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ танқид кардааст.

Ӯ дар як баёнияе, ки рӯзи 14-уми апрелд дар вебсайти расмии ин созмон нашр шудааст, гуфтааст: ”Фишор ба оилаҳои Саркорова ва Ҷониев, яке дигар аз ҳамлаҳо ба озодии баён ва журнализм дар Тоҷикистон аст.”

Берит Линденман афзудааст: “Вақте режимҳои худкома ҳеч сазое барои помоли ҳуқуқи инсон намегиранд, ҳамингуна ҳодисаҳо иттифоқ меафтанд. Ман аз Вашингтон ва Брюссел мехоҳам, мақомоти Тоҷикистонро ба феҳрасти таҳримоти марбутаи худ ворид кунанд.” Дар баёнияи Кумитаи Норвегии Ҳелсинки аз рӯзи 14-уми апрел омадааст, ки фишор ба аҳли оилаи хабарнигорони тоҷик талоши ҳукумат барои фӯру нишондани мунтақидонаш дар хориҷ аст.

Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова мегӯянд, ки мақомот борҳо аъзои аҳли оилаи онҳоро ба идораҳои амниятӣ даъват ва бозпурсӣ кардаанд ва ин амали мақомот “талоше барои таҳдиду тарсонидан”-и онҳо аст, “то навиштани гузоришу назарҳои танқидиро бас кунанд”.

Хабарнигорони тоҷик, ки дар Прага зиндагӣ мекунанд, бархӯрди ҳукуматро ба тазоҳуроту нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сахт танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG