Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рушди иқтисод" – як сабаби маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон? ВИДЕО


Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум "суръати рушди иқтисод" номид. Бархе ба дурустии он шубҳа доранд ва, баръакс, содироти нерӯи барқро ба хориҷа далели асосӣ медонанд.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, “рушди иқтисоди кишвар дар соли 2023-юм 8,3 дарсад афзуд. Ҳамзамон талабот ба барқ зиёд шуд.”

Талабот чӣ қадар афзуд, вазир омор наовард. Ин дар ҳолест, ки иқтисоди Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ аз заифтаринҳо номбар шуда, зиндагии сокинон асосан аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ мечархад.

Далер Ҷумъа
Далер Ҷумъа

“Дуюм масъала ин бевосита ба тағйирёбии иқлим вобаста аст. Барои мисол, дар тирамоҳи гузашта ва ду моҳи зимистони имсола бориш қариб 95 дарсад нисбат ба як сол пеш кам шуд. Ин ба омадани об дар дарёи Вахш, ки аксар иқтидорҳои истеҳсоли нерӯи барқ дар он аст, таъсир расонд,” – шарҳ дод Далер Ҷумъа.

Чунин изҳороти вазири энергетика дар ҳолест, ки Тоҷикистон як моҳ пеш барои интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони зери итоати гурӯҳи "Толибон" дар соли 2024 розӣ шудааст. Дар нишасти хабарӣ рӯзноманигорон аз вазир пурсиданд, ки вақте дар ҷумҳурӣ мушкили таъмини аҳолӣ бо барқ ҳаст, чаро он ба хориҷи кишвар содир мешавад?

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Рушди иқтисод" – як сабаби маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Далер Ҷумъа гуфт, “содирот дар моҳҳои серобӣ, ки дар ҳамон вақт Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин аст, сурат мегирад.”

“Агар нигоҳ кунем, содирот асосан ба Узбекистон аст. Хушбахтона, дар соли 2023 ба Қазоқистон ҳам як миқдор барқ содир кардем. Ба Афғонистон содирот 5 дарсад кам шуд,” – афзуд ӯ.

Ӯ ҳаҷми содироти барқро дар соли 2023-юм 2,7 миллиард киловат соат номбар кард, вале нархи онро “масъалаи тиҷоратӣ” номид.

Баъзе аз коршиносон ба суханҳои вазир дар мавриди таъсири рушди иқтисод ба вазъи таъмини аҳолӣ бо барқ бо шубҳа менигаранд. Мирҳусейн Назриев мегӯяд, вазир бояд далелҳои қотеъ оварда, исбот мекард, ки кадом бахши иқтисод рушд кардаасту чӣ гуна ба масъалаи таъмини барқ таъсир гузошта.

Мирҳусейн Назриев
Мирҳусейн Назриев

“Ҳамин хел бо рушди иқтисод гуфтан мушкил ҳал намешавад. Ин ғайриимкон аст,” – гуфт Назриев. Ҳамсуҳбати мо афзуд, Тоҷикистон аввал бояд талаботи дохилии худро ба барқ таъмин карда, сипас онро ба кишварҳои дигар фурӯшад.

“Дар зимистон шаҳрвандони худро бо мушкил рӯ ба рӯ мекунем, чӣ зарурати ба хориҷа фурӯхтани барқ аст,” -- гуфт, Мирҳусейн Назриев.

Вазири энергетика ва захираҳои об содироти барқро дар фасли сармо ночиз номид ва гуфт, ки он “хусусияти техникӣ” дорад ва барои нигоҳ доштани робитаҳо дар шабакаи ягонаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аст. Вале хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба маълумоти Кумитаи омор навишт, ки кишвар танҳо дар моҳи ноябри 2023 ба хориҷа ба зиёда аз 1,9 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст.

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Аз тирамоҳ боз дар гӯшаҳои кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст. Пештар ширкати “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба камии об дар обанборҳо пайванд дода, баъзан "корҳои профилактикӣ" ё тармими таҷҳизотро баҳона меовард. Коршиносон борҳо мудирияти нодуруст ва шаффофиятро дар низоми энергетикии Тоҷикистон аз мушкилоти аслӣ номидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG