Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мухолифи ҳукумати Қирғизистонро дар Русия боздошт карданд


Каникей Арановаи 37-соларо дар Маскав боздошт ва ба мақомоти Қирғизистон таслим кардаанд. Арановаи қирғизистонӣ пештар аз интиқоли обанбори Кампиробод ба Узбекистон танқид карда буд. Дар ин бора Ирисгул Аранова, хоҳари Каникей хабар дод.

Ба иттилои Ирисгул, Каникей Аранова рӯзи 1-уми феврал ҳамроҳи духтари 11-солааш ба Қирғизистон истирдод шудааст.

Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Арановаро моҳи октябри соли 2022 ба ҷавобгарӣ кашида буданд. Он замон вай ба зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод навишта буд.

Мақомоти Қирғизистон дар моҳи октябри соли 2022 чанд сиёсатмадор, рӯзноманигор ва фаъоли иҷтимоиро боздошт карданд, ки ба зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод мавқеъ гирифта буданд. Дар маҷмуъ он замон 30 кас боздошт шуда буд. Мақомоти Қирғизистон қисме аз онҳоро баъдтар аз ҳабс озод карданд.

Мақомоти Қирғизистон ин гуруҳро ба "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" айбдор мекарданд. Дертар бархе аз ин боздоштшудаҳо дар омодагӣ ба "ғасби худсаронаи ҳукумат" айбдор шуданд.

Чанд созмон, аз ҷумла Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ба ҷонибдорӣ аз боздоштшудаҳо изҳорот пахш карданд. Созмонҳо аз ҳукумати Қирғизистон хостанд, ки парвандаи маъруф ба "Кампиробод"-ро холисона баррасӣ кунанд. Худи боздошт ва ҳабсшудаҳо ин парвандаро таъқиби сиёсӣ баҳо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG