Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумита: Блогерон 33 миллион сомонӣ фоида гирифтаанд


Кумитаи андоз (молиёт)-и Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта блогерони тоҷик 33,5 миллион сомонӣ ё тақрибан 3 миллион доллар даромад доштаанд.

“Боҷу Хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андоз, дар гузорише навишт, молиёти пардохтаи блогерон 2,5 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Тасдиқи дурустии ин рақамҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест. Баръакс, баъзе аз блогерон мегӯянд, ки дар ду соли охир даромади онҳо камтар шуд.

Дар гузориши Кумитаи андоз омадааст, то 1-уми январи соли 2024 дар ин идора 91 блогер сабти ном шудаанд. Як сол пеш шумораи блогероне, ки расман сабт шудаанд, 60 нафар буд.

Мақомот баъзе аз блогеронро ба пинҳон кардани даромад ва напардохтани молиёт муттаҳам карда, гуфтаанд, бархе худро ҳамчун андозсупоранда сабт накардаанд. Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ҳушдор додааст, ки номи чунин блогеронро чоп мекунад.

Сабтиноми блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2020 сар шуд. Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон барои гирифтани даромад афзуд.

XS
SM
MD
LG