"Шабакаи 12" мегӯяд, марҳилаи аввали созиш эҳтимол шомили озодии 35 гаравгон дар ивази 35 рӯзи оташбас мешавад. Ба ибораи дигар, барои ҳар як рӯзи оташбас "Ҳамос" яке аз 136 гаравгонеро, ки ҳанӯз дар ихтиёр дорад, озод хоҳад кард.
"Times Israel", ки гузориши "Шабакаи 12"-ро бозтоб додааст, мегӯяд, гаравгонҳое, ки дар марҳилаи аввал озод мешаванд, шомили занон, беморон, захмиён ва калонсолон мешаванд.
Ин созиш сипас метавонад барои як ҳафтаи дигар дароз карда шавад, то имкони гуфтугӯ бар сари даври дувуми озодии гаравгонҳо фароҳам ояд. Даври дувуми созиши эҳтимолӣ шомили гаравгонҳои мард ва аъзои гурӯҳҳои дифои маданӣ мешавад, ки гурӯҳи "Ҳамос" онҳоро нерӯҳои ҷангӣ медонад.
Тибқи ин гузориш, дар бораи шумори зиндониёни фаластинӣ, ки Исроил онҳоро бояд озод кунад, ҳанӯз тасмиме гирифта нашудааст. Зеро ки Исроил майл дорад танҳо афродеро, ки ҷурмҳои сабуктаре доштаанд, озод кунад ва на касонеро, ки бо ҷурмҳои вазнин зиндонӣ ҳастанд. "Ҳамос" ба озодии онҳо низ таъкид дорад.
Ин гузориш ҳамзамон бо суханронии видеоии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил нашр шуд, ки мегӯяд, "мо дар ҳоли талош барои даст ёфтан барои озодии асирони худ ҳастем, аммо таъкид мекунам, ки на ба ҳар қимате".
Ӯ дар идома гуфт, "мо хатҳои сурхи худамонро дорем, аз ҷумла онки ҷангро поён намедиҳем, артиши Исроил аз навори Ғазза берун намешавад ва ҳазорон террористро озод намекунем".
Нетаняҳу сипас гуфтааст, Исроил илова бар талошҳо барои озодии гаравгонҳо, ҳамчунон ҳадафҳои дигари худро дар ҷанг пайгирӣ мекунад, киаз "нобудии "Ҳамос" ва бовар ҳосил кардан аз ин масъала, ки Ғазза дигар ҳеч гоҳ таҳдиде барои Исроил нахоҳад буд" иборат аст.
Вай афзуд, "мо барои даст ёфтан ба ҳар се ҳадаф талош мекунем ва аз ҳеҷ кадом кӯтоҳ нахоҳем омад".
Ҷанг дар Навори Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли гузашта бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 240 тани дигар ба гарав гирифта шуданд. 130 нафар аз ин гаравгонҳо ҳанӯз дар ихтиёри гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Фаластин, аз оғози ин даргириҳо то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 27 ҳазор фаластинӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.
Гуфтугӯ