Ба гуфтаи вай, аз ин теъдод 1167 тан дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд.
Зулушев гуфт, айни замон талошҳо барои овардани шаҳрвандони зиндонӣ ба маҳбасҳои Қирғизистон идома доранд. Вай афзуд, 74 кас аз Русия, панҷ тан аз Қазоқистон оварда шудаанд.
"994 қирғизистонӣ, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, нахостанд, ки ба зиндонҳои Қирғизистон интиқол ёбанд. Сабаби асосии худдорӣ кардани онҳо ин будааст, ки хонаводаҳояшон дар Русия қарор доранд. Ба илова, онҳо дар маҳбасҳо кор мекунанд ва маблағ ба даст меоранд", - гуфт Зулушев.
Мақомоти Қирғизистон пештар хабар дода буданд, ки дар нимаи аввали соли 2023 35 қирғизистонӣ ва дар тамоми тӯли соли 2022 33 қирғизистонӣ аз зиндонҳои Русия ба Қирғизистон оварда шудааст.