Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ ВКХ-и Қазоқистонро ба додгоҳ кашид


Бахши қазоқии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Остона Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистонро ба додгоҳ кашид.

Радио дар шикояташ гуфт, қарори Вазорати корҳои хориҷии он кишвар дар бораи қатъи парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ ғайриқонунӣ дониста ва бекор карда шавад.

Шикояти Радиои Озодӣ дар ҳолест, ки рӯзи 3-юми январи имсол Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо фиристодани номае ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки "иҷозатномаи кори 36 корманди радиоро дароз намекунад".

Вазорат гуфт, ки баъзе аз хабарнигорони радио бе иҷозатнома фаъолиятро идома додаанд ва ҳамчунин радио аз сӯи додгоҳи қазоқистонӣ дар моҳи ноябри соли 2023 бар асоси моддаи "дурӯғпароканӣ" ҷарима шудааст.

Радио акнун дар шикояташ аз Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон аз додгоҳ хостааст, ки далелҳои вазорат беасос эътироф ва қарори он бекор карда шавад.

XS
SM
MD
LG