Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов 5 соли дигар Қирғизистонро раҳбарӣ карданист


Содир Ҷабборов (Жапаров)
Содир Ҷабборов (Жапаров)

Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов гуфт, раисҷумҳур Содир Ҷабборов (Жапаров) дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии ин кишвар иштирок хоҳад кард.

"Раисҷумҳури мо дар интихоботи навбатӣ иштирок мекунад. Конститутсия инро иҷозат медиҳад. Барои ҳамин, ӯ кореро дар нимароҳ намегузорад. Ҳатто мардуми мо инро иҷозат намедиҳанд. Мардуме, ки итминон пайдо кардааст, дар се соли оянда шоҳиди дастовардҳои зиёде хоҳад шуд", - изҳор дошт Байсалов 29 январ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Маъмурияти президенти Қирғизистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Тибқи Конституисияи Қирғизистон, ки соли 2021 қабул шуд, президенти ин кишвар барои 5 сол интихоб мешавад ва ҳамчунин ҳақ дорад, ки номзадияшро барои даври дувум пешбарӣ кунад.

Содир Ҷабборов бар асоси натиҷаҳои интихоботи соли 2021 президенти Қирғизистон эълом шуд. Он замон Конститутсияи пешин амал мекард ва ба як нафар ҳақ медод, ки кишварро танҳо 6 сол раҳбарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG