Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Исроил шартҳои созиш бо "Ҳамос"-ро пазируфтааст


Исроил дар гуфтугӯи Порис ба шартҳои миёнаравҳо барои созиш бо гуруҳи фаластинии "Ҳамос" розӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Маарив" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст. Худи "Ҳамос" то ҳол ба пешниҳодҳо посух надодааст.

Бар асоси тавофуқ, амалиёти артиши Исроил дар навори Ғазза муваққатан қатъ шуда, Телавив ба интиқоли кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза бояд мусоидат ва як қатор маҳбусони фаластиниро озод кунад. "Ҳамос" низ дар навбати худ тадриҷан гаравгонҳоро озод мекунад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки оташбаси эҳтимолӣ дар Ғазза чи қадар идома меёбад. Вале қаблан "The New York Times" навишта буд, ки сухан аз оташбаси думоҳа меравад.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли гузашта бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 240 тани дигар ба гарав гирифта шуданд. 130 тан аз ин гаравгонҳо ҳанӯз дар ихтиёри гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Фаластин, аз оғози ин даргириҳо то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 26 ҳазор фаластинӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.

Бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст ёфтан ба як оташбаси доимӣ, Исроил ба он розӣ нашуда ва мегӯянд, ки то аз байн бурдани гурӯҳи "Ҳамос" ба ҷанг идома медиҳад. "Ҳамос" ҳам гуфтааст, ки дар баробари ҳамлаҳои Исроил муқовимат мекунад.

XS
SM
MD
LG