Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Панҷ роҳу киштзори чанд деҳаро хароб кард


Бомдоди рӯзи 29-уми январ сел роҳу киштзори сокинони чанд деҳа дар ноҳияи Панҷро хароб кардааст.

Сокинони деҳаи Отчапар, даҳсолагии Ваҳдат ва Қушқияи ноҳияи Панҷ бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз боридани борони зиёд сел омад ва роҳу киштзорҳояшонро хароб кард.

Дар ҳукумати ноҳияи Панҷ гуфтанд, ки зарари расида ба сокинонро ҳисоб мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, бештар заминҳои гандум ва кишти картошка зиён дидааст.

Омадани сел дар моҳи январ дар Тоҷикистон камсобиқа аст ва инро аксаран нишонае аз тағйирёбиии иқлим медонанд.

Моҳи январ, ки солҳои гузашта дар Тоҷикистон барф мемеборид, имсол гарм омад ва бомдоди имрӯз дар аксар минтақаҳо борон ва барф борид.

XS
SM
MD
LG