Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гандуми кам дар Қазоқистон, мушкили фаровон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Нархи орд, маҳсулоти серистифода дар Тоҷикистон, дар як ҳафтаи охир зиёда аз 18 дарсад афзудааст.

Сокинон мехоҳанд, мақомот роҳи ҳалли мушкилро зудтар ёбанд, чун масъалаи орд дар Қирғизистону Қазоқистон ҳам "доғ" шуда, Бишкек содироти онро камаш барои ним соли оянда боздошт. Намояндагони ҳукумат ва тоҷирон мегӯянд, болоравии арзиши орд аз онҳо вобаста нест.

"Мегӯянд, сел задааст, офат шудааст"

Рӯзи 25-уми сентябр дар бозорҳои Душанбе як халта орди навъи якум 330 сомонӣ арзиш дошт. Тақрибан даҳ рӯз пеш онро ба 270 сомонӣ гирифтан мумкин буд.

Аъзам Худойдодов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, “нархи орд қариб сад сомонӣ афзудааст. Намедонам, чаро. Зиндагии мардуми Тоҷикистон чӣ гуна аст, медонед, бештари мо нонхӯр ҳастем.”

Тоҷирон сабаби гароншавии ордро дар вазъу сабабҳои берунӣ мебинанд. Ба назари Исмоил Нуров, тоҷири орд, “нархи гандум дар Қазоқистон гарон шудааст ва бино бар ин таъсири он ба бозорҳои Тоҷикистон расидааст. Мегӯянд, дар Қазоқистон гандум қимат шуд. Сел задааст, офат шудааст,” -- афзуд ӯ.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби баланд шудани нархи ордро ба бориши зиёд дар Қазоқистон ва дер ҷамъоварӣ кардани ҳосилу талаф ёфтани гандум рабт медиҳанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон нархи орд боло рафт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Масъулони ин ниҳод аз суҳбати бештар худдорӣ намуда, шарҳ надоданд, ки дар сурати идома ёфтани вазъ чӣ чора хоҳанд дид. Ба ҷойи онҳо, Насриддин Рауфов, корманди бозори “Меҳргон”, гуфт, “аз ҳисоби захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон намоишгоҳ ташкил кардем, то нархи орд боло наравад”.

Дар чунин намоишгоҳҳо нархи орд 260 арзиш дорад, вале чунин маърака на ҳам ҷойи кишвар ва на ҳама аҳолиро фаро мгеирад.

Ҳоло нархи як тонна гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 350 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки чаҳор моҳ пеш аз 240 то 260 доллар буд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳашт моҳи имсол аз ҷониби 61 ширкат ба Тоҷикистон зиёда аз 590 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.

Тоҷикистон наметавонад талаботи сокинонро аз ҳисоби кишти гандуми худӣ бароварда созад. Қаблан масъулони Вазорати кишоварзӣ гуфта буданд талаботи солонаи сокинон ба орд тақрибан якуним миллион тонна аст ва барои истеҳсоли ин миқдор ғалла замини кишт надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG