Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди шаҳрвандони Узбекистон ва Қазоқистон аз Туркия


Акси марди муттаҳамро КДАМ Қазоқистон нашр кард
Акси марди муттаҳамро КДАМ Қазоқистон нашр кард

Ҳафтаи гузашта мақомоти ҳифзи қонуни Туркия ду шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро истирдод карданд. Ба иттилои Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар додааст, ки як шаҳрванди ин кишвар ахиран аз Туркия истирдод шуд. Вай дар иштирок дар ҷангҳои Сурия гумонбар мешавад.

Ин шаҳрванди Қазоқистон, ки 22 сол дорад, рӯзи 27 январ истирдод шудааст. Бино ба иттилои мақомоти Қазоқистон, вай соли 2020 ба ҳудуди Сурия ворид шуда, ба сафи яке аз гуруҳҳои ҷангҷӯ пайвастааст. Мақомоти додгоҳии Қазоқистон ин ҷавонро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Ҳамчунин ҳафтаи гузашта як зан - шаҳрванди Узбекистон ҳам аз Туркия истирдод шуд. Ба иттилои Бахши узбекии Радиои Озодӣ, ин зан бо айби қаллобӣ дар пайгард қарор дошт ва баъди боздошташ дар Туркия ба ватан истирдод шуд.

Консулгарии Узбекистон дар Туркия рӯзи 28 январ хабар додааст, ки ин зан ҳанӯз рӯзи 13 январ дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шуда буд.

Зани 66-сола аз соли 2016 дар аз сӯи мақомоти Узбекистон дар пайгард қарор дода шуда буд. Ӯро дар ғорати маблағи калони шаҳрвандон айбдор мекунанд.

Туркия як шарики муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва солҳои охир ҳамкории бахусус сохторҳои қудратии ин кишварҳо фаъолтар шудааст. Чандин ҳолати боздошту истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз Туркия бештар ба мунаққидони ҳукумат ва ҳам ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" марбут будааст.

Туркия макони зисти даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG