Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дигарбора гуфт, барои ду сол хӯрок захира кунед


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар аз мардум даъват кард, ки барои ду соли оянда маводи хӯрока захира кунанд.

Президент дар ин бора дар паёми табрикотии худ ба муносибати ҷашни Сада таъкид кардааст. Имрӯз дар Душанбе аз ин ҷашни қадимии мардуми форсзабон таҷлил карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар пайёми худ ба сокинон гуфт, солҳои ахир бо таваҷҷӯҳ ба “тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ” пайваста ба он таъкид мекунад, ки хонаводаҳо бояд барои ду сол захираи маводи хӯрока дошта бошанд.

Ба гуфтаи вай, ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, дар пайи "таҳлили амиқи вазъ" ва пешгӯиҳо садо медиҳад.

Даъвати президент ба мардум дар бораи зарурати омодасозии захираи озуқа барои ду сол тақрибан 15 сол боз садо медиҳад. Дар муроҷиатҳои худ солҳои пеш ҳам ӯ ба бӯҳрони молӣ ва офатҳои табиӣ, хушксоливу камобӣ таъкид карда буд.

Сокинон зимни сӯҳбатҳо дар ин робита мегӯянд, дар Тоҷикистон имкон ва шароити захира кардани маводи ғизоиро, он ҳам барои ду солро, надоранд. Таҳлилгарон ҳам таъкид карда буданд, ки маводи ғизоӣ, ба ҷуз аз гандум муҳлати истифодабарии дусоларо надоранд ва дар кишвар барои ин қадар захира кардани маводи озуқаворӣ анборҳои дорои шароит мавҷуд нест.

Сокинон дар Тоҷикистон пайваста аз болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар шикоят мекунанд. Музди маоши мардум дар кишвар дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ яке аз пасттаринҳо дониста шудааст.

XS
SM
MD
LG