Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров хост, русиро дар Узбекистон камтар истифода кунанд


Алишер Қодиров
Алишер Қодиров

Раиси Ҳизби “Миллий тикланиш" ва муовини палатаи қонунгузори порлумони Узбекистон Алишер Қодиров пешниҳод кардааст, ки забони русӣ дар мактабу телевизион ва бахшҳои дигар дар кишвараш камтар истифода шавад.

“Ҷониби расмии Русия бо баён кардани рафтори аҷиби шовинистӣ маҳдуд мешавад. Ба назар мерасад, ингуна суханпардозиҳо ба онҳо писанд аст. Вақтҳои охир ба забони русӣ ба ҷуз аз суханҳои шовинистӣ чизи дигаре намешунавем. Дар ин ҳолатҳо бояд дар бораи чораҳои беҳтар кардани муносибатҳо биандешем," – навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи Қодиров, забони русӣ дар бахши омӯзиш ва телевизиони Узбекистон ба таври густарда истифода мешавад ва ин “нобаробарӣ” бояд ислоҳ гардад.

Муовини раиси порлумони Узбекистон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ба қонунгузории кишвараш тағйироте ворид карда шавад, ки таҳсилоти ибтидоиро бо забони модарӣ – узбекӣ ҳатмӣ гардонад.

Ин изҳороти Қодиров баъд аз гуфтаҳои муаррихи рус Михаил Смолин дар бораи узбекҳо садо дод.

Смолин чанд рӯз пеш дар як барномаи телевизиони НТВ гуфт, ки то инқилоб миллате ба номи "узбек" вуҷуд надошт.

Ҳамраиси ҳизби "Русияи боадолат" Захар Прилепин ҳам хоста буд, Узбекистон ва дигар ҳудудҳои шӯравии пешин ба Русия "ҳамроҳ" карда шаванд.

XS
SM
MD
LG