Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як вакили порлумони Қирғизистонро ҳабс карданд


Эмил Жамгирчиев
Эмил Жамгирчиев

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24-уми январ вакили порлумони он кишвар Эмил Жамгирчиевро то 26-уми феврал ба ҳабси пешакӣ гирифт. Жамгирчиев дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳ дошта мешавад.

Кайсин Абакиров, вакили мудофеи вай пештар гуфта буд, ки ҳабси пешакии вакил дар доираи парвандаи "убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" сурат мегирад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов чанд рӯз пеш гуфт, вакили порлумони ин кишвар Эмил Жамгирчиев аз соҳибкори узбекистонӣ Салим Абдувалиев, маъруф ба "Салимбойбача" барои аз байн бурдани ду "дӯсташ" кумак хостааст.

"Бино ба маълумоте, ки ба ман пешниҳод карданд, Жамгирчиев марзи Қирғизистону Узбекистонро ғайриқонунӣ гузашта, бо соҳибнуфузи олами ҷиноӣ "Салимбойбача" вохӯрдааст ва барои аз байн бурдани ду "дӯсташ" аз ӯ кумак хостааст", - изҳор дошт Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар".

Ба гуфтаи Ҷабборов, тафтиши парвандаи вакилро маъмурони Кумитаи амнияти Қирғизистон дар якҷоя бо Хадамоти махсуси Узбекистон анҷом додаанд.

Дар Узбекистон ба зидди Эмил Жамгирчиев бо гумони убури ғайриқонунии марз парванда боз кардаанд.

Додситонии кулли Қирғизистон низ бо айби ҳамсон алайҳи Эмил Жамгирчиев парванда боз кардааст. Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон иҷоза дод, ки Эмил Жамгирчиев ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ҷаласаи комиссия рӯзи 9-уми январ пушти дарҳои баста сурат гирифт. Пеш аз шуруъи ҷаласа Жамгирчиев гуфт, ки бо айбҳои нисбаташ эъломшуда розӣ нест ва онҳоро таъқиби сиёсӣ меҳисобад.

XS
SM
MD
LG