Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон сарбози гумонбар дар қатли панҷ низомиро боздошт карданд


Харитаи вилояти Кирмон
Харитаи вилояти Кирмон

Дар Эрон сарбозеро боздошт карданд, ки рӯзи 21 январ дар як пойгоҳи низомӣ дар Кирмон ба сӯи ҳамхидматонаш тир кушод ва панҷ касро ба қатл расонд. Амир Ғуломалиён, фармондеҳи пойгоҳ рӯзи 22 январ гуфт, сарбози гумонбар дар куштор дар шаҳри шимолуғарбии Заранди вилояти Кирмон, маҳалли куштор боздошт шуд.

Полиси вилояти Кирмон гуфт, ҳамроҳ бо сарбоз ду силоҳе ҳам мусодира шудааст, ки эҳтимолан куштор бо истифода аз онҳо рух дод. Сабаби куштор дар пойгоҳи низомӣ маълум нест.

Кирмон дар оғози моҳи январ макони ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам буд, ки дар он 94 нафар куштаву даҳҳо тан захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG