Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Иттиҳоди Аврупо то Русияву Тоҷикистон. Вокунишҳо ба таркиш дар Эрон


Таркиш дар шаҳри Кирмони Эрон, ки боис ба кушта шудани 84 нафар шуд, вокунишҳоро дар гӯшаҳои ҷаҳон ба бор овард. 284 кас захмӣ гардидаанд. Чанд кишвар ҳодисаро "амали террористӣ" хонда, ба хонаводаи қурбониён ва мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд.

Ба гузориши расонаҳои ҳукуматии Эрон, 3-юми январ дар маросими чорумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои Қудс, дар шаҳри Кирмон ду таркиш рух дод.

Расонаҳои эронӣ дар оғоз аз кушта шудани 103 ва захм бардоштани 211 нафар хабар доданд. Вазири беҳдошти Эрон рӯзи чоруми январ гуфт, дар ин таркишҳо 84 нафар ҷон бохта, 284 кас захмӣ шуданд. Дар айни ҳол бо таваҷҷуҳ ба вазнин будани аҳволи баъзе аз захмиён, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки мумкин аст теъдоди қурбониён бештар шавад.

То ҳол ҳеч фард ё гуруҳе масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст. Мақомоти Эрон ангушти иттиҳомро ба тарафи Исроил равона кард. Исроилӣ дар ин бора расман чизе нагуфтааст. Иёлоти Муттаҳида даст доштани Исроилро дар ин ҳамла рад намуд. Мэтю Миллер, сухангӯи Вазрати корҳои хориҷии Амрико гуфт, “ҳеч далел надорем, ки нишон диҳад Исроил дар ин таркиш даст доштааст.”

Дар ин ҳол Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо шоми 3-юми январ дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттер) навишт, ки бо Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон дар бораи ҳодисаи Кирмон суҳбат кард. “Ман ин ҳамлаи террористиро бо шадидтарин алфоз маҳкум ва бо мардуми Эрон эъломи ҳамбастагӣ кардам,” -- навиштааст Боррел.

Вазорати умури хориҷии Фаронса низ дар хабарномаи кӯтоҳе ин рухдодро “ҳамлаи террористӣ” номид ва онро ба шиддат маҳкум кард.

Арабистони Саудӣ ҳам бо пахши иттилоияе ба мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ кард ва барои маҷруҳон орзуи шифои оҷил намуд.

Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурони Русия ва Туркия дар паёмҳои худ бо террористӣ номидани ин ҳодиса ва маҳкумияти шадиди он, ба роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори ҳамдардӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар паёме унвони ҳамтои эрониаш Иброҳим Раисӣ ҳодисаи Кирмонро “ҳамлаи террористӣ” хонд ва ба мардуми Эрон ҳамдардӣ кардааст.

Абрам Пил, муовини дафтари намояндаги вижаи Амрико дар умури Эрон дар гуфтугӯ бо Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, аз кушта шудани ғайринизомиён таассуф карда гуфтааст, Вашингтон таҳаввулотро бо диққат пайгирӣ мекунад.

Таркиш дар Кирмон замоне рух дод, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон чорумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ қайд мекард. Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои Қудс, моҳи январи соли 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико дар наздикии Бағдод кушта шуд.

Нерӯҳои Қудс бахши хориҷии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст ва аз тарафи Амрико созмони террористӣ эълон гардидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG