Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мусофири ҳавопаймое, ки дар Афғонистон суқут кард, ба ҳалокат расиданд


Акси ҳавопаймои навъи Falcon 10 аз бойгонӣ
Акси ҳавопаймои навъи Falcon 10 аз бойгонӣ

Манбаъҳои хабаргузории расмии ТАСС рӯзи 22 январ гуфтанд, ҳарду мусофири ҳавопаймои Falcon, ки рӯзи шанбе дар кӯҳҳои Афғонистон дар наздикии сарҳади Тоҷикистон суқут кард, аз рӯи иттилои пешакӣ, ба ҳалокат расиданд. Мусоҳиби хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки ин ду нафар зан ва шавҳар буданд.

Бар асоси иттилои пешакӣ, ҳавопаймо ин ду мусофирро аз Тайланд ба Маскав интиқол медод. Дар ҷараёни парвоз зан ба дастгоҳи сунъии нафаскашӣ ё ИВЛ пайваст шуда буд ва ҳамсараш ӯро ҳамроҳӣ мекард. Шоми 20 январ дар фазои байни сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон иртибот бо ҳавопаймои Falcon 10 қатъ ва аз радарҳо нопадид шуд. Дар маҷмӯъ дар дохили ҳавопаймо шаш нафар буданд ва ду мусофири он шаҳрванди Русия мебошанд. Ин ҳодисаро Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG