Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Қирғизистон ба тафтиши муҳоҷирон дар Екатеринбург


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабарҳо дар бораи тафтиши рӯзи 17 январи муҳоҷиронро дар Екатеринбурги Русия шарҳ дод. Ба иттилои ин вазорат, аз 150 шаҳрванди хориҷӣ дар 3 иншооти сохтмонӣ 40 тани онҳо қирғизистонӣ буданд.

"Ба гуфтаи шаҳрвандони мо, ҳангоми корҳои тафтишӣ шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба табақҳои болоии сохтмон фирор ва талоши пинҳон шуданро кардаанд. Дар натиҷа пулис талош кардааст, ки онҳоро боздошт ва монеаи ҳаракати озоди муҳоҷирон шавад", - омадааст дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

"Бо ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердлови Русия Татяна Мерзлякова суҳбат кардем. Вай гуфт омода аст, оид ба рейди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиш ба роҳ монад. Дар навбати худ вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар сатҳи мақомоти федеролии Русия гуфтугуҳоро ба роҳ мемонад, то ин ки дар оянда дар Русия чунин амал нисбати муҳоҷирон - шаҳрвандони Қирғизистон сурат нагирад", - омадааст дар хабари вазорати Қирғизистон.

Саҳнаи нави бархӯрди таҳқиромез бо муҳоҷирони корӣ дар Русия бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро хашмгин кардааст.

Нерӯҳои амниятии Русия рӯзи 17-уми январи имсол дар Екатеринбург ҳангоми амалиёт муҳоҷиронро маҷбур кардаанд, ки нишаста роҳ бираванд.

Ба иттилои саҳифаи “Руссккая обшина Екатеринбурга" дар Телеграм, маъмурони пулис ба маҳалли сохтмоне даромада, ҳуҷҷати 150 муҳоҷирро тафтиш карданд.

"8 нафар ба гумони нақзи қонуни муҳоҷират боздошт шудаанд," -- навишт манбаъ.

Кормандони қудратӣ баъзе аз муҳоҷирони дигарро маҷбур кардаанд, ки ба зону зананд ва дар як саф роҳ бираванд.

Маълум нест, муҳоҷирон аз кадом кишвар ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, таҳқири коргарони хориҷӣ ба тарзи маъмулии рафтори ходимони ҳифзи ҳуқуқ дар Русия табдил шудааст, чун медонанд, ки барои чунин корашон ҳеч гоҳ ҷазо намебинанд.

XS
SM
MD
LG