Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси Назарбоевро аз девори метрои Алмато канданд


Акси президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро аз девори истгоҳи "Алмалӣ" дар метрои шаҳри Алматои он кишвар канданд. Акси Назарбоев аз замони кушода шудани ин истгоҳ дар соли 2011 овезон буд.

Дар маркази матбуотии метрои Алмато гуфтанд, ки аксро ба далели шикаста шудани шишаи он гирифтаанд. Маълум нест, ки онро дубора овезон хоҳанд кард ё на.

Ин дар ҳолест, ки пештар муҷассама ё ҳайкали раисҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро аз назди Донишгоҳи Миллии Мудофиаи ин кишвар дар шаҳри Остона бардоштанд.

Масъулони Вазорати дифои Қазоқистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, муҷассамаро барои он гирифтанд, ки номи элбасӣ (пешво) аз унвони Донишгоҳ ҳазф шуд.

Манбаъ афзудааст, муҷассамаро муваққатӣ дар яке аз анборҳои вазорат нигоҳ медоранд.

Ҳайкали Назарбоевро, ки дар либоси низомӣ тасвир ёфтааст, соли 2020 ба муносибати 80-солагии ӯ гузошта буданд.

Нурсултон Назарбоев ва пайвандонаш пас аз эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар моҳи январи соли 2022 аз қудрат ва мансабҳои калидиву тиҷоратҳои сердаромад дар Қазоқистон маҳрум карда шуданд.

XS
SM
MD
LG