Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқ: "Русия 42 000 сарбозашро дар Украина талаф додааст"


Як таҳқиқ нишон додааст, Русия аз замони оғози ҷанг дар Украина дар рӯзи 24-уми феврали соли 2022 то кунун бештар 42 000 сарбозашро талаф додааст.

Хабарнигорони расонаи "Медиазона" ва бахши русии Би Би Си, ки ин таҳқиқро анҷом медиҳанд, ҳуввияти ҳамин теъдоди сарбозони кушташударо мушаххас ва муайян кардаанд.

Дар гузориш омадааст, ки аз ин миён, бештар аз 5000 сарбози нав сафарбаршуда ва 7810 нафарашон зиндониёне будаанд, ки аз зиндонҳои Русия онҳо ҷалб карда, ба ҷанг бурдаанд.

Хабарнигорони "Медиазона" ва бахши русии Би Би Си, ҳамчунин муайян кардаанд, ки дар ҷанги Русия то кунун бештар аз 3000 афсар кушта шудаанд ва 349 нафари онҳо рутбаи болотар аз лейтенантро доштаанд.

Омори мазкурро хабарнигорон аз манобеи боз, ба мисли таъзияномаҳо дар матбуот, навиштаҳои хешовандони кушташудагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъ овардаанд.

Дар тақсимбандӣ дар ин гузориш дида мешавад, ки аксари низомиёни кушташуда аз Вилояти Краснодар будаанд, ки 1640 нафарро талаф додааст, сипас Вилояти Свердловск аст, ки аз онҷо 1449 кушта шудаанд. Ҷумҳурии Бошқирдистон аз назари талафот дар мақоми саввум аст, ки 1353 ҷасад ба онҷо овардаанд.

Вилояти Челябинск бо талафоти 1191 сокинаш дар ҷанг дар мақоми чаҳорум зикр шудааст. Аз Маскав пойтахти Русия аз миёни онҳое, ки ба ҷанг ба Украина рафтаанд, камаш 482 нафар кушта шудаанд, аз Санкт Петербург, дуввумин шаҳри бузурги кишвар 480 низомӣ ҷон додааст.

Вазорати дифои Русия талафоти сарбозонаш дар ҷангро ошкор намекунад ва омори хабарнигоронро ҳам шарҳ надодааст. Аввали ҳамин расонаҳои Русия маълум карданд, ки сар аз соли 2022 Бунёди давлатии нафақаи Русия ба кормандонаш амр додааст, ки дар бораи онҳое, ки дар ҷанги Украина ширкат кардаанд ва имтиёзҳо ба онҳо, ё хешовандонашон дода мешавад, маълумотро нашр накунанд, чун мумкин аст, бо истифода аз он талафоти неруҳои Русия дар ҷанг маълум карда шавад.

Расонаи русии “Қиссаҳои муҳим” моҳи апрел навишт, ки бо айни сабаб вазорати дифои Русия ҳам нашри иттило дар бораи ҳаққи бознишастагӣ барои маъюбӣ ва кӯмакпулӣ ба ҳамсарону фарзандони ятими сарбозони кушташударо қатъ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG