Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Амрико аз Қирғизистон дар мавриди рӯзноманигорон


Мэтю Миллер
Мэтю Миллер

Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 18-уми январ бо нашри изҳорот аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароит фароҳам кунанд.

Сухангӯи вазорат Мэтю Миллер гуфт, "хабарҳо дар бораи рафтори охири ҳукумати Қирғизистон алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил Амрикоро сахт нигарон кардааст.”

“Ин амалҳо талошҳои ҳукумат барои нафасгир кардани мубоҳисаҳо дар ҷомеа ва озодии баёнро мемонад. Мо аз мақомоти Қирғизистон даъват мекунем, ки ба рӯзноманигорон шароити корӣ ва озодӣ аз фишору таъқибро фароҳам кунанд," – афзудааст ӯ.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 17-уми январ 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданиро то 13-уми марти имсол ба ҳабс гирифт.

Дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфтанд, ба зидди боздоштшудаҳо ба гумони "бетартибии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Худи гумонбарон иттиҳомҳоро намепазиранд.

XS
SM
MD
LG