Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ дар Бошқирдистон; чанд кас боздошт шуд


Уфа, 19-уми январи 2024
Уфа, 19-уми январи 2024

Дар майдони марказии шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия рӯзи 19-уми январ теъдоде аз сокинон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Нашрияи SotaVision менависад, теъдоди гирдиҳамомадагон ба 1,5 ҳазор мерасид.

Инҳо асосан тарафдорони фаъоли маҳаллӣ Фаил Алсинов буданд, ки рӯзи 17-уми январ ба 4 сол зиндон маҳкум шудаааст. Дар рӯзи эълони ҳукми Алсинов низ гирдиҳамоӣ ташкил ва бо пулис занозанӣ сурат гирифт.

Сокиноне, ки рӯзи ҷумъа дар майдони марказии Уфа ҷамъ шуданд, сурудхонӣ карданд.

Нерӯҳои вижаи пулис чанд кас, аз ҷумла духтареро боздошт кардаад, ки дар даст шиор дошт.

Додгоҳе дар Бошқирдистони Русия фаъоли иҷтимоӣ Фаил Алсиновро ба барангехтани бадбинӣ ё душманӣ гунаҳкор кард.

Тафтишот мегӯяд, Алсинов дар як суханрониаш рӯзи 28-уми апрели соли 2023 дар ноҳияи Баймак шаъну шарафи "сокинон Қафқоз", "Осиёи Марказӣ" ва "арманиҳо"-ро паст задааст. Алсинов ин айбро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG