Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон аз ВКД дар бораи боздоштҳо маълумот хост


Гуля Кожоқулова, вакили порлумони Қирғизистон
Гуля Кожоқулова, вакили порлумони Қирғизистон

Гуля Кожоқулова, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кард, вазорати корҳои дохилӣ ва додситонии он кишвар дар бораи боздошти рӯзноманигорони Temirov LIVE маълумот диҳанд. Кожоқулова дар ин бора рӯзи 18 январ изҳор дошт.

Вай хост, намояндагони ВКД ва додситонӣ ба порлумон даъват шаванд.

"Мехостам бидонам, ки дар кадом асос. Зеро чунин боздоштҳои дастаҷамъӣ одат шудааст. Набояд чунин бошад, набояд ҷомеаи моро ба ташвиш орад", - гуфт вай.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳамаи рӯзноманигорони собиқ ва кунунии тарҳи "Temirov LIVE"-ро ду моҳ ҳабс кард. Бино ба қарори додгоҳ, рӯзноманигорон то 13 март дар боздоштгоҳ мемонанд.

Рӯзноманигор Айка Бейшекеева, хабаринигори пешини тарҳи "Temirov LIVE" Жоодар Бузумов, мудири тарҳҳои "Айт, Айт Десе" ва "Temirov LIVE", ҳамсари рӯзноманигори таҳқиқотгар Болот Темиров, Муҳаббат Тоҷибек қизӣ ва як корманди дигари тарҳ Мақсад Тоҷибек уулу 16 январ баъди бозпурсӣ дар Хадамоти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҳабс шуданд.

Дертар вакили дифоъ Замир Жоошев дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" хабар дод, ки Сафар Акунбеков, Азамат Ишенбеков, Сайфидин Султоналиев, Актилек Капаров, Жумабек Турдалиев, Тинистан Асипбек, корманди расонаи мустақили "ПолитКлиника" ва Оқил Орозбеков низ боздошт гаштаанд.

Ҳамаи боздоштшудаҳо бо иттиҳоме, ки алайҳашон эълом шудааст, розӣ нестанд.

Мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон мегӯянд, дар матлабҳои тарҳҳои "Temirov LIVE" ва "Айт Айт Десе" даъват ба беназмиҳои оммавиро ошкор кардаанд. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии он кишвар субҳи 16 январ хабар доданд.

XS
SM
MD
LG