Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат корфармои русро ҳимоят ва корпартоии муҳоҷиронро танқид кард. ВИДЕО


Даҳҳо муҳоҷири норозии тоҷик рӯзи 15-уми январ корпартоӣ карданд
Даҳҳо муҳоҷири норозии тоҷик рӯзи 15-уми январ корпартоӣ карданд

Мақомоти Тоҷикистон корпартоии муҳоҷирон тоҷик дар корхонаи “Химпек”-и шаҳраки Шахтаи вилояти Ростовро амали "иғвогарона" номида, эътирози онҳоро нодуруст донистаанд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, мақомоти тоҷик ба ҷои ҳимоят аз шаҳрвандони худ аз корфармо пуштибонӣ кардаанд.

Рӯзи 15-уми январ даҳҳо муҳоҷири тоҷик бо талаби пардохти рухсатпулӣ ва боло бурдани маош корпартоӣ карданд, вале корфармо онҳоро аз кор ихроҷ кард.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ дар хабарномае гуфтааст, ки кормандони онҳо ва раҳбарони ҷамъияти тоҷикон дар ин минтақа бо раҳбарияти корхона ва муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбат кардаанд.

Дар хабарнома гуфта шудааст, ки "беш аз 50 муҳоҷири тоҷику узбек миёнаи моҳи январ" ба иғвои нафаре дода шудаанд, ки қаблан дар Бритониё кор карда будааст. Ба қавли ин ниҳод, гуё он нафар кор дар Русия ва Бритониёро муқоиса карда, муҳоҷиронро ба корпартоӣ бо талаби баланд кардани маош даъват кардааст, ҳарчанд, ба иддаои Вазорати меҳнат, соли гузашта маоши муҳоҷиронро "80-85 ҳазор рубл" боло карда будаанд.

Ин ниҳод тасдиқ кардааст, ки корхонаи "Химпэк" шарти кормандонро напазируфта, онҳоро аз кор озод кардааст ва танҳо 25 нафарро "бо ваъдаи дубора такрор накардани чунин амал" аз нав ба кор қабул кардааст.

Ду тан аз муҳоҷироне, ки дар ин корхона кор мекунанд, рӯзи 18-уми январ гуфтанд, ки намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва Вазорати меҳнат бо як гурӯҳи хурди муҳоҷирон дар ҳузури корфармо суҳбати умумӣ карданд. Ин муҳоҷирон гуфтанд, ки онҳо ҳаргиз "80-85 ҳазор рубл" маош нагирифта буданд, баръакс моҳи декабр аз 49 то 63 ҳазор рубл гирифта буданд, ки хилофи ваъдаи раҳбарони "Химпэк" буд.

"Намояндагони Хадамот ба ҷои аз мо тарафдорӣ кардан аз корфармо ҳимоят карданд. Бачаҳои мо ягон кори бад накарданд. Дар ҳама кишварҳои пешрафтаи дунё ва худи ҳамин русҳо ҳам корпартоӣ мекунанд. Ин на иғвоангезӣ аст, на қонуншиканӣ. Корфармои рус медонад, ки мақомоти тоҷик аз муҳоҷирон пуштибонӣ намекунанд, барои ҳамин хостанд, аз кор пеш мекунанд ва маоши хуб намедиҳанд,"--гуфт як тан аз муҳоҷирон, ки бо далели мушкил пеш наомадан нахост номашро зикр кунем.

Муҳоҷири дигар гуфт, маоше, ки дар ин корхона медиҳанд, ба коре, ки онҳо мекунанд, мувофиқ нест. "Кор вазнин аст, вале маош кам. Мо аз маҷбурӣ корро давом додем. Онҳое, ки ҷои рафтан доштан ҳамон шаб аз корхона баромада рафтанд. Мо ҳам агар илоҷ ёбем, дигар кор намекунем,"--гуфт ӯ.

Видео аз лаҳзаи корпартоии муҳоҷиронро инҷо бинед:

Муҳоҷирони тоҷик дар Химпек коршиканӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Корхонаи "Химпэк" ба истеҳсоли халтаҳои пластикӣ машғул аст ва дар он садҳо муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, корфармоёни рус пайваста ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол мекунанд, вале аксаран ба доди онҳо касе намерасад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG