Онҳо мегӯянд, масъулони корхонаи “Химпэк” ваъда дода буданд, ки музди корро боло бурда, дар охири сол рухсатипулӣ медиҳанд, аммо иҷро накарданд.
Дар ин коргоҳ халтаҳои пластикӣ истеҳсол мекунанд.
“Бояд мувофиқи ваъда 15 дар сад маоши мо афзоиш меёфт. 80 ҳазор рубл бояд дар картаҳои мо пул мегузашт. Ба камаш бояд 75 ҳазор рубл маош мегирифтем. Ҳозир 64 ҳазор ва ба баъзеҳо 49 ҳазор рубл додаанд”, -- гуфт яке аз муҳоҷирон.
Намояндагони “Химпэк” дар шаҳраки Шахтаи Ростови лаби Дон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, масъаларо баррасӣ доранд.
Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки раҳбарони корхона асабонӣ ҳастанд ва ба талаби муҳоҷирон ҷавоби рад медиҳанд.
Корфармоён аз муҳоҷирон талаб кардаанд, ки корхонаро тарк кунанд. Сабаби ин тасмимро шарҳ надодаанд.
“Ба мо мегӯянд, ки ҳуҷҷатҳоятонро гиреду равед. Ҳамин хел маҷбур доранд. Берун барф аст”, - гуфт яке аз муҳоҷирон.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мавзуъро ҳанӯз шарҳ ндодааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, корфармоёни рус пайваста ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол мекунанд, вале аксаран ба доди онҳо касе намерасад.
Гуфтугӯ