Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав хост, блогери тоҷик Салмон Раҷабзода ҳабс шавад


Додгоҳи шаҳри Маскави Русия қарори дар озодӣ мондани блогери тоҷик Салмон Раҷабзода (Ҷумъабой)-ро бекор кард.

Салмон Раҷабзода (Ҷумъабой), шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи 7-уми январи имсол дар Русия бо гумони "барангехтани бадбинӣ ва паст задани шаъну шараф" боздошт шуд.

Ба иддаои Кумитаи тафтишоти Русия, ин зодаи Тоҷикистон “бо нашру паҳни наворҳои саҳнасозишуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ духтарони дорои чеҳраи славяниро таҳқир мекард ва шаъну шарафи онҳоро паст мезад.”

Саҳифаҳои "Осторожно, новости" ва "Shot" дар Телеграм навиштаанд, ки блогер моҳи декабри соли гузашта дар наворе гуфтааст, "ба зудӣ ҳамаи духтарони рус аз мо мешаванд". Маҳз ҳамин навор дар баъзе аз гурӯҳҳои шабакаи Телеграм вокуниши зиёд ба бор овард.

Худи блогер қабл аз боздошт дар саҳифааш дар Инстаграм гуфта буд, садо ба ӯ тааллуқ надорад ва ӯ ба касе бадӣ накарда ба барангехтани адовати миллӣ ҳам даъват нанамудааст.

Салмон Раҷабзода (Ҷумъабой), дар саҳифаҳояш дар Инстаграму Тик-Ток дар мавзуъҳои гуногун навору пурсишҳои ҳазломез мегузорад. Саҳифаи ӯ дар Инстаграм беш аз 200 ҳазор обуначӣ дорад.

Додгоҳи ноҳияи Симоновскийи Маскав рӯзи 9-уми январ гуфта буд, ки талаби додситонро барои ҳабси блогер намепазирад. Додситонӣ ба ин қарор эътироз карда, ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурд.

Дар гузашта ду блогери тоҷик дар Русия барои нашру паҳни аксу наворҳои ҷанҷолӣ ба муддати аз 10 моҳ то ду сол зиндон маҳкум шуда буданд.

XS
SM
MD
LG