Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Саодат Қодирова. Духтаре, ки бо саратон дар набард буд. ВИДЕО


Саодат Қодирова
Саодат Қодирова

Саодат Қодирова, духтари тоҷике, ки утоқи беморхонаеро дар Маскав ба коргоҳи ҳунармандӣ табдил дода буд, рӯзи 17-уми январ даргузашт. 

Саодати 21-сола, тақрибансе сол боз бо бемории саратони хун мубориза бурд.

Барот Қодирӣ, бародари ӯ рӯзи 17-уми январ хабар дод, ки хоҳараш дар Душанбе даргузаштааст.

Саодат охири соли гузашта ба Тоҷикистон баргашт ва гуфта буд, ки "тобистон дубора барои табобат ба Маскав бармегардад."

Сарнавишти ин духтари тоҷик замоне мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ки ӯ дар баробари мубориза бо саратон дар беморхонае дар Маскав аз ришта дастбанду гарданбанд ва гулҳои рангоранг мебофту онҳоро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мефурухт. Маблағи аз заҳматаш ба даст овардаро вай барои харидани дору сарф мекард.

Ин гузориши дар бораи Саодат соли гузашта таҳия шуда буд:

Саратони хун Саодатро дар Маскав ноумед накард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Ӯ ҳамчунин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки машғул шудан ба ҳунармандӣ дарди ӯро кам мекунад.

“Бофтанро дар беморхона ёд гирифтам. Рӯзҳои аввал зиқ мешудам, гиря мекардам, рӯҳафтода мешудам. Баъдан дар Ютуб навор тамошо карда, бофтанро омӯхтам. Риштаву мӯҳра дархост кардам ва хеле зебо омаданд,” – гуфта буд ӯ.

Акси ҷӯробҳои кӯдакона, дастбанду гарданбанд ва маҳсули дигари дастонашро Саодат дар саҳифааш дар Инстаграм мегузошт ва хоҳишмандон бо маҳсули дастони ӯ ошно шудаву харидорӣ мекарданд.

То гирифторӣ ба саратони хун, Саодат донишҷӯйи факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG