Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп аз рақибони ҳамҳизбаш пеш гузашт


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Бо вуҷуди парвандаҳои зиёди ҷиноӣ нисбат ба Доналд Трамп, ки таҳқиқашон идома дорад, ӯ рӯзи 15-уми январ дар овоздиҳии аъзои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар аёлати Айова аз довталабони дигари мақоми президент аз ҳамин ҳизб пеш гузашт.

Эҳтимол ӯ дар интихоботи тирамоҳи имсол дар муқобили номзади демократҳо Ҷо Байден қарор бигирад.

Бар асоси овоздиҳӣ дар Айова волии Флорида Рон ДеСантиси 45-сола дар ҷои дуюм ва собиқ сафир дар Созмони Милал Никки Ҳейлии 51-сола дар ҷойи сеюм ҳастанд.

Трампи 77-сола бо тафовути бисёр зиёд аз рақибони ҳизбиаш пеш гузашта, 51 дарсади овозҳоро бурд.

XS
SM
MD
LG