Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон Тайванро "ҷузъи ҷудонопазир"-и Чин номид


Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар робита ба интихоботи президентии Тайван дар рӯзи 13-уми январ изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки "Тошканд вазъи вобаста ба интихоботеро, ки дар Тайван мегузарад, бодиққат пайгирӣ мекунад".

"Бори дигар мегӯем, ки сиёсати "Чини воҳид"-ро қотеъона ҷонибдорӣ карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунии Чин ва Тайванро ҳамчун “ҷузъи ҷудонопазири он” эътироф мекунем", - афзудааст Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Интихоботи президентӣ дар Тайван рӯзи 13-уми январ гузашт. Як мусоҳиби оҷонси “Рейтерс” дар Кохи Сафед гуфтааст, новобаста ба натиҷаҳои он сиёсати Амрико нисбат ба Тайван бетағйир мемонад.

Дар интихобот Лай Тсиндэ, номзади Ҳизби Демократии Рушд ва ҷонибдори мустақилии Тайван, баранда гардид.

Чин борҳо Лай Тсиндэро ҷудоиталаби хатарбор номида, даъватҳои ӯро барои музокира рад кардааст. Лай гуфтааст, муносибати кишвараш бо Чин бояд “дӯстона” бошад, вале ҳамзамон барномаҳои дифоии ҷазирақаламравро тақвият медиҳад.

XS
SM
MD
LG