Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубли Русия дар баробари доллар “ҷон” гирифт?


Рӯзҳои охир қурби рубли Русия дар баробари доллару евро андаке “ҷон” гирифтааст.

15-уми январ як доллари амрикоӣ ба 87 рублу 75 тин ва як евро ба 95 рублу 97 тин баробар гардид.

Хабаргузории “Рейтерс” болоравии қурби рублро ба даромади калони Русия аз ҳисоби фурӯши сӯзишворӣ вобаста донист.

Нархи сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафтааст.

Дар Тоҷикистон низ арзиши рубл нисбат ба пули миллии сомонӣ андаке афзуд.

Тибқи иттилои Бонки Миллӣ, рӯзи 15-уми январ 1000 рубл 124 сомониву 20 дирам таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG