Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси вазири пешинро дар Қазоқистон дароз карданд


Ҳабси Куандик Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон, ки дар қатли ҳамсараш айбдор мешавад, ду моҳи дигар дароз карда шуд.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 9 январ ҳабси пешакии Бишимбоемро то 9 март дароз кард.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои он кишвар пештар хабар дода буданд, таҳқиқи парвандаи Куандик Бишимбоев ба охир расида, ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бишимбоевро додгоҳе дар шаҳри Остона 11 ноябри соли 2023 бо гумони қатли ҳамсараш барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.

Бишимбоев бо моддаи "Куштор" айбдор мешавад. Аз рӯи ин модда Бишимбоев мумкин аст, то 15 сол зиндон шавад.

Бишимбоем дар куштори ҳамсараш Салтанат Нукеноваи 31-сола гумонбар мешавад. Бино ба хабарҳои ибтидоӣ, Нукенова дар натиҷаи латту кӯб фавтидааст.

Куандик Бишимбоев моҳи марти соли 2018 бо ҷурми фасодкорӣ дар даврони роҳбари ширкати миллии "Байтерек" буданаш, 10 сол зиндонӣ шуда буд. Аммо чанд нафари айбдоршаванда дар доираи парвандаи мазкур бо ҷониби айбдоркунанда мувофиқат карда, нисбатан ҷазои сабуктар гирифтанд. Бишимбоем айбҳои эълоншударо рад кард.

Вазири пешин моҳи январи соли 2017 боздошт шуд. Вай яке аз ҷавонтарин вазирони ҳукумати Қазоқистон буд. Бишимбоев ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мақоми вазирӣ таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG