Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон рӯйхати нави сомонаҳои мамнуъ нашр шуд


Мақомоти Узбекистон рӯйхати маводеро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо муҳтавои экстремистӣ ва террористӣ доранд. Воридсозӣ, нашр, паҳнгардонӣ ва муаррифии онҳо дар ҳудуди Узбекистон манъ аст.

Кумитаи дини Узбекистон аз сокинон хостааст, маводи мазкурро паҳн насозанд ва ба онҳо "лайк" нагузоранд.

Пеш аз ин Кумитаи дини Узбекистон моҳи майи соли 2023 рӯйхати мавод ва саҳифаҳои мамнуъро нашр карда буд. Дар рӯйхати нав шумори саҳифаҳо ва сомонаҳои мамнуъ ба маротиб афзудааст. Рӯйхати пешин ҳудуди 150 саҳифа ва сомона дошт.

Дар рӯйхати нав наздики 150 саҳифаи мамнуъ дар Facebook, қариб 400 саҳифа дар Telegram, бештар аз 100 саҳифа дар Instagram, даҳҳо канал дар YouTube, OK.ru, TikTok ва чандин маводи дигар дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ шомил шудааст.

XS
SM
MD
LG