Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади муовини пешини додситони кулли Украинаро пайдо карданд


Ҷасади муовини пешини додситони кулли Украина Олга Колинко ва духтараш Ярославаро дар хонаашон дар шаҳри Киев пайдо карданд.

Хабаргузории "Интерфакс-Украина" рӯзи 10-уми январ хабар дод, ки барои муайян кардани сабабҳои марги ду нафар ташхиси тиббиву додгоҳӣ таъйин шуд.

Ба иттилои муқаддамотӣ, модару духтар дар вақтҳои гуногун ҷон бохтаанд. Олга Колинко тахминан ду моҳ пеш ва духтараш се ҳафта пеш ҷон бохтааст.

Олга Колинко дар солҳои 1993-2000 ва 2003-2005 муовини додситони кулли Украина буд. Соли 2001-2003 Кумисюни мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаро дар Украина раҳбарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG